Информация о паблике

Veshab фото
  • VK ссылка:public126784054
  • Тип сообщества: открытое
  • Количество подписчиков: 15

Veshab

Описание: ВЕШАБ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ. Аз деҳа то маркази ноҳия 45 км. роҳи автомобилгард. Аҳолиаш 1908 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, маркази саломатӣ, китобхона, маркази савдо, клуб, чойхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ. Таърихшинос Ю. Яъқубов дар китоби «Ёдгориҳои болооби Зарафшон» овардааст, ки «Вешаб 1300 сол боз мавқеашро иваз накардааст». Дар маркази деҳа мазорест, ки бо номи марқади Шамси Табрезӣ маъруф буда, зиёратгоҳи сайёҳон аст. Сарвари мамлакат зимни суханронӣ ҳангоми зиёрати оромгоҳи Шамси Табрезӣ, аз ҷумла чунин зикр намудаанд. «Яке аз шахсиятҳои бузургу камназири ирфон – Мавлоно Шамсиддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ мебошад, ки ҳанӯз шахсияташ ба таври комил шинохта нашудааст ва оқибати кору фарҷоми тақдири асрорангезаш ҳам чандон равшан нест. Дар кишварҳои Туркияву Эрон барои ин орифи бузург гӯрхона таъйин кардаанд, ки мардум барои зиёрат ба ин шаҳрҳо мераванд. Мардуми кӯҳистони Тоҷикистон гӯрхонаи Шамси Табрезиро ба ҳамин деҳаи Вешаб эҳтимол медиҳанд. Шахсиятҳои зиёди таърихӣ, аз ҷумла бунёдгузори давлати Темуриёни Ҳинд Мирзо Бобур, шоҳи Афғонистон Абдурраҳмонхон ва дигар шахсиятҳои маъруф дар давраҳои гуногун мазори ба истилоҳ Шамси Табрезии ин деҳаро зиёрат кардаанд. Амирони Бухоро низ ба ин мазор таваҷҷуҳ доштаанд, аз ҷумла бо фармони амир Насруллоҳ дар болои гӯрхонаи ин бузургвор хонақоҳ сохтаанд, ки Абдурраҳмони Мустаҷир бунёди онро дар соли 1842 эҳтимол додааст. Мувофиқи нақлу ривоятҳои мардумӣ дар ҳамин хонақоҳ то айёми Инқилоби Октябр «Куллиёти Шамси Табрезӣ» – маъруф ба «Девони Кабир»-и Ҷалолуддини Балхӣ нигаҳдорӣ мешуд, ки бар асари китобсӯзиҳои даврони инқилоб эҳтимол аз байн рафтааст».

Участники

  • Anushervon Normahmedov Душанбе
  • Мухиддин Бобоев Казань
  • Shodibek Shoniozov Душанбе
  • Хайридини Таджидин Самара
  • Мухсин Ашуров Москва
  • Арда Ашуров Душанбе
  • Джумабой Курбонов Shiraz
  • Зохиджон Каримов Махачкала
  • Сангин Сафаров Москва
  • Faizali Boboev Казань
  • Хуршед Бобоев Paris
  • Muhsin Ashurov
  • Фаррух Мусоев
  • Nasirov Ali